Нуриддин Саид: "Зидди зоеъ кардани вақт бо ҷашнвораҳои дурӯғбузургон ҳастам". ВИДЕО
     TJ RU EN
07:36 / 2024-11-16

Нуриддин Саид: "Зидди зоеъ кардани вақт бо ҷашнвораҳои дурӯғбузургон ҳастам". ВИДЕО

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, касе пахши хабари марги шахсиятҳои шинохта ё таҷлили зодрӯзи онҳоро дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ манъ накардааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз фавти шахсони шинохта ва маъруф дар ҷомеа хабар намедиҳанд. Танқидҳо бахусус рӯзҳои охир дар ин бобат зиёд шуд. Чун бинобар авҷ гирифтани бемории COVID-19 бисёре аз шахсиятҳои шинохта даргузаштанд, вале хабари марги онҳо ба телевизионҳо роҳ наёфт.

Нуриддин Саид ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки чаро телевизион аз марги чеҳраҳои маъруф дар кишвар ба тамошобин хабар намедиҳад, гуфт рӯзномаи марбут ба кумита чунин хабарҳоро нашр мекунад. Ӯ рӯзи панҷшанбе гуфт: “Рӯзномаи “Ҷаҳони Паём” сӯгворӣ пахш мекунад. Мо зидди таҷлил кардани ҷашнвораҳои шахсиятҳои бузург нестем. Мо зидди вақтро зоеъ кардан дар ҷашни дурӯғбузургон ҳастем. Баъзеҳо худро бузург меҳисобанд, аммо бузург нестанд.”

Гузориши видеоиро инҷо бубинед: Нуриддин Саид, сабаби хабар надодани телевизионҳо аз марги шахсиятҳоро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъкид кард, ки ба идораи телевизионҳо дар бораи манъ шудани пахши хабарҳо дар бораи фавти ин ё он шахсият дастур надодаанд.

"Ин қадар ҷашнвораҳоро мо таҷлил карда истодаем бо воситаи тамоми шабакаҳои телевизионӣ талқин мекунем. Ҷашнвораи Ҳазрати Камолро нашунидед? Дар шаҳри Хуҷанд ман иштирок кардам. Аз Сайфи Исфарангиро нашунидед? Аз устод Лоиқро нашунидед? Аз устод Турсунзодаро нашунидед? Қариб як моҳ дар эфир буд”, -- афзуд Нуриддин Саид.

Хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ ба раиси Кумитаи радио ва телевизион ёдрас карданд, ки сухан на аз ҷашнвораҳо, балки даргузашти шахсони шинохтаи кишвар аст. Вале раиси кумита нахост дар ин бора сӯҳбат кунад. “Ман намедонам, ин иттилоъ аз куҷо аст! Тамом, бас”, - гуфт ӯ.

Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла ҳунармандон Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абдулқайсов, Назирмад Мӯсоев, Қиёмиддин Чақалов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Раҳмондӯсти Қурбониён, филмсоз Сафарбеки Солеҳ, олими риштаи равоншиносӣ Разиюлло Атохонов, пизишк Фарида Мансурова ва меъмори варзида Сироҷиддин Зуҳуриддинов даргузаштанд.

Аммо шабакаҳои телвизиони ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ давлатианд, дар ин бора хабар пахш накарданд. Ба истинои расонаҳои мустақил, ки корнома ва мероси илмиву фарҳангӣ ва ҳунарии онҳоро васф карданд.

https://www.ozodi.org/a/31375251.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима